Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» дар байни занону модарони рӯзгордидаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот даври ноҳиявии озмуни «Хушдомани беҳтарин»-ро баргузор намуд.
Ба ҳунари ғолибони озмун аз рӯйи талаботи касбу ҳунаромӯзӣ чун омили таҳкиму пойдории оила, саҳми хушдоман дар сарфаю сариштакорӣ ва рӯзгордорӣ, солимии оила дар муносибатҳои оилавӣ ва тарбияи дурусти фарзандон, саҳми оила дар ободонии хона, кӯча, шаҳрак ва маҳалла, нақши оила дар ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ҷалби фарзандон ба хизмати Модар-Ватан, инчунин иштироки онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ ва фардӣ баҳо гузошта шуд.
Дар озмун Давлатбӣ Каримова аз Ҷамоати деҳоти Лоҳур хушдомани беҳтарин дониста шуда, сазовори ҷойи аввал гардид. Ғолиби озмун бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь