Пулиси Фаронса гумонбарони навро дар парвандаи ғоратгарии осорхонаи Лувр боздошт кард. Дар бораи боздошти як нафар BFM TV хабар дод. Тибқи иттилои шабака, гумонбаршуда шаби пеш дар Париж пайдо шудааст.
Дар ҳамин ҳол, RTL бо истинод ба манбаъҳо хабар додааст, ки “панҷ гумонбари нав боздошт шудаанд”. Ба гуфтаи манбаъ, ҳамаи онҳо шаби гузашта дар як вақт дар минтақаҳои гуногуни Париж боздошт шудаанд.
Осорхонаи Лувр субҳи 19 октябр ғорат карда шуда буд. Ду шахси номаълум ба осорхона даромада, нӯҳ ҷавоҳиротро аз маҷмӯаҳои аз подшоҳон ва императорҳои Фаронса боқимонда, дуздиданд. Шарикони онҳо дар кӯча интизор буданд. Ҳамлагарон ҳашт маҳсулоти заргарӣ бо арзиши умумии тақрибан 88 миллион евро дуздиданд.
25 октябр пулиси Фаронса ду гумонбарро боздошт кард. Яке аз онҳо дар фурудгоҳи Руасси — Шарл-Де-Голл ҳангоми кӯшиши парвоз ба Алҷазоир дастгир карда шуд. Дуюмаш дар наздикии Сен-Дени дар Париж ба даст афтод.

RTL: Панҷ гумонбари дигари ғорати Лувр боздошт шуданд
Блоки рекламавӣ


