Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини шаҳри Турсунзода, ки пеш бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 8-уми декабри соли 2025 бо роҳи ошкоро, дар сар кулоҳи варзишӣ (кепка), ба рӯяш ниқоби тиббӣ кашида, тариқи иҳотадевор ба хонаи истиқоматии зани 50-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, бо роҳи зӯроварӣ ҷабрдида ҷавонзани 20-сола, духтари ноболиғи 15-солааш ва ҷавонзани 20-солаи сокинони ҳамон ҷоро бо истифода аз тапончаи пласмасӣ ва корди ошхонагӣ таҳдиди куштан намуда, тахминан муддати ду соат онҳоро ба гарав гирифта, бо истифода аз миёнбанд дасту пойҳои онҳоро баста, ба даҳонашон матоъҳои гуногун гузошта, корди бо худ доштаро ба гардани ҳар яки онҳо гузошта, аз онҳо маблағи калони пулӣ талаб намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Роҳзанӣ дар Турсунзода
Блоки рекламавӣ


