Ҷамъияти саҳомии “Роҳи оҳани Ӯзбекистон” барои зиёд кардани истеҳсоли вагонҳои боркаш иловатан 100 миллион доллар мегирад.
Дар робита ба ин, ба роҳбарияти ширкат супориш дода шудааст, ки иқтидори корхонаҳои саноатиро 1,5 маротиба зиёд намуда, соли ҷорӣ истеҳсоли 2 ҳазор адад маҳсулотро таъмин намоянд. “Нақшаҳои дахлдор дар маҷлиси таҳти раёсати президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиеев баррасӣ шуданд”, – хабар додааст хадамоти матбуотии Президент.
Блоки рекламавӣ



