“Мумфаршкунии роҳи мошингарди Зафаробод-Ҳамид Алиев-Гулистон-Дӯстӣ оғоз шуд” – иттилоъ доданд аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Дарозии умумии роҳ 3,2 километр аст ва паҳноии он 6 метр. То имрӯз корҳои ҳамворкунии роҳ пурра анҷом ёфта, корҳои асосии роҳсозӣ дар муддати кӯтоҳ бо сифати баланд бояд ба поён расанд.
Ин лоиҳаи муҳими инфрасохторӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ гардида, корҳои пудратӣ ба зиммаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ваҳдат-2018» аст. Дар вилоят ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ садҳо иншооти муҳим бунёд ва мавриди истифода дода шаванд.
Тибқи иттилои масъулини Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Зафаробод, дар ноҳия 398 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ҳастанд. То 20 сентябр дар ноҳия 6 километр роҳ пурра асфалтпӯш, 67 километр таъмири ҷорӣ ва 25 километр шағалпӯш гардид.

Роҳи мошингарди Зафаробод-Ҳамид Алиев-Гулистон-Дӯстӣ
Блоки рекламавӣ


