20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом — Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз ва Кучкак-Конибодомро бо буридани лентаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Роҳи мошингарди Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз, Кучкак-Конибодом дар масофаи 52 км дар доираи Барномаи Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, ки дар Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалӣ карда мешавад, бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бо арзиши 56 миллион доллар бунёд гардидааст.
Дар роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом 11 пули мошингузар, 17 истгоҳ, деворҳои оҳану бетонӣ, хатҳои барқ ва алоқа аз ҳарду канори роҳ, пиёдароҳҳо аз тахтасанг, панҷараҳои ҳимоявии канори роҳ, насби аломатҳои роҳ ва бунёди дигар иншооти ёрирасон мувофиқи лоиҳа бунёд гардид.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани роҳи Деҳмой-Конибодомро сокинони вилояти Суғд бо самимияти афзун ва ифтихор аз созандагиву бунёдкориҳои Ватан самараи вазифагузориҳои устувори Роҳбари давлат арзёбӣ намуданд.
Сохтмон ва навсозии қитъаи чоруми ин масир Куруш-Бекобод бо дарозии 12,7 километр ба маблағи зиёда аз 8 миллион доллар бояд ба роҳ монда шавад. Аз ҳисоби маблағҳои сарфашудаи Барномаи беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ бо арзиши чоруним миллион доллар иловатан қитъаи Хистеварз-Соҳилоб бо дарозии 9,7 километр навсозӣ шуда, оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Дар ин масири иловагӣ 3 пули мошингузар пешбинӣ шудааст.
Дар соҳаи нақлиёт 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 13 миллиард сомонӣ мавриди амал қарор дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь