Зимни шиносоӣ бо бунёди роҳи «Данғара – Гулистон», ки нахустин лоиҳа дар ин минтақа дар доираи барномаи «Долони сабз» арзёбӣ мешавад, ба баъзе ҷанбаҳои муҳандисии корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Аз ҷумла, баъд аз баромадан аз шаҳраки Данғара дар баъзе мавзеъҳо зарурати тахлия ё поксозии қабати замин аз обҳои ҷамъшуда бо мақсади пешгирии намнокӣ, нигоҳ доштани устувории пӯшиши роҳу иншооти ёрирасон ва таъмини истифодаи бехатари онҳо таъкид ва ба сохтмончиён дастурҳои мушаххас дода шуд.
Бояд гуфт, ки роҳи мазкур солҳои 30-юми асри гузашта бунёд ва солҳои ҳафтодуми асри гузашта таҷдид карда шудааст. Роҳи «Данғара – Гулистон» бо дастгирии молиявии Бонки Осиёии рушд ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар доираи барномаи намоишии «Долони сабз» навсозӣ карда мешавад. Дар ин хусус 24 феврали соли 2025 байни фармоишгари лоиҳа – Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ – ширкати роҳсозии «Hunan Road and Bridge Construction Group Co. Ltd»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин қарордод ба имзо расида буд.

Роҳи мошингарди «Данғара – Гулистон» ва «Гулистон – Фархор» бозсозӣ мешавад
Блоки рекламавӣ


