Дар асоси муроҷиати видеоии як сокини пойтахт, аз ҷониби кормандони бозрасӣ Гадоев Аҳлиддин — ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Лексус», рақами қайди давлатиаш 7070VU10, боздошт карда шуд.
Чуноне ки дар навор дида мешавад, номбурда воситаи нақлиётро дар роҳи даромадгоҳи бинои истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи А. Навоӣ, беназорат гузошта, ба ҳаракати воситаи нақлиёти ёрии таъҷилӣ монеа эҷод намудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Гадоев А. тибқи моддаи 318 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, воситаи нақлиёт ба ҷаримагоҳи муваққатӣ ҷойгир карда шуд.
Аз кулли ронандагон талаб карда мешавад, ки аз таваққуфи нодуруст, махсусан дар назди биноҳои истиқоматӣ худдорӣ намуда, ба ҳаракати дигар шаҳрвандон монеа эҷод накунанд.
Блоки рекламавӣ



