“24 сентябр роҳи Ҳисор-шаҳраки Айнӣ баъди пурра мумфарш гардидан мавриди истифода қарор дода шуд”, – хабар додаанд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.
Роҳбарияти шаҳр бо сифати кори роҳсозон, дарозӣ, бару ғафсии роҳ, ҷӯйҳои обгузару обпарто шинос шуда, ба меҳнати роҳсозон баҳои мусбат доданд.
Тибқи нақша, ҳафтаи равон дар роҳе, ки шаҳраки Шарораро бо пойтахт-шаҳри Душанбе мепайвандад, корҳои мумфаршкунӣ оғоз мегардад.
Роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байнишаҳрии Ҳисор-Шарора-Чимтеппа, Ҳисор-шаҳраки Айнӣ ва Шарора-шаҳри Душанберо дар масофаи умумии 21 километр таъмиру мумфарш менамоянд.
Бо ин мақсад 23 апрели соли 2025 мумфаршкунии роҳи Ҳисор-Шарора-Чимтеппа ва 6 сентябри ҳамин сол бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ мумфаршкунии роҳи самти Ҳисор-Айнӣ-Душанбе (БДА) оғоз шуд.
Роҳсозони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рус-Бахт» ин роҳҳоро бо сифати баланд мумфарш карда, дар муҳлати пешбинишуда ба истифода доданд.

Роҳи Ҳисор-шаҳраки Айнӣ мумфарш гардид
Блоки рекламавӣ


