Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди дорои аҳаммияти ҷумҳуриявии Балҷувон-Сари Хосор шинос гардиданд.
Роҳи мазкур яке аз лоиҳаҳои муҳимми инфрасохтори нақлиётӣ дар минтақа ба шумор меравад. Амалӣ шудани ин тарҳ имконият медиҳад, ки алоқаи доимӣ ва босифати нақлиётӣ байни деҳаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳои Балҷувон ва Сари Хосор таъмин гардида, шароити зиндагии аҳолӣ беҳтар ва имконияти иҷтимоиву иқтисодии минтақа густариш ёбанд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи беҳтарсозии роҳи мошингарди Балҷувон-Сари Хосор масоҳати умумии 54,1 километр ва паҳноии 10 метрро дар бар гирифта, ба ду қитъа – Қитъаи А 30 км. ва Қитъаи Б 24,1 км. ҷудо карда шудааст.
Маблағгузории сохтмони роҳ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба назар гирифта шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь