Идораҳои зертобеъи Муассисаи давлатии “Идораи Хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар пурра ба зимистон омода шуда, ба қадри кофӣ ангишт, ҳезум, сӯзишвории дизелӣ захира шуда, техникаҳо дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Талабекзода Исмон, сардори муассисаи мазкур гуфт, ки барои ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт дар зимистон 6178 метри куби маводи зидди лағжиш, 21 ҳазор литр сӯзишворӣ, 53 метри куб ҳезум ва 25 тонна ангишт дар анборҳои муассисаҳои зертобеъи Муассисаи давлатии “Идораи Хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар харидорӣ ва захира карда шудааст, ки ин 100 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Ӯ гуфт, ки барои зимистонгузаронӣ аз ҷумла тоза кардани роҳҳо аз барф ва пошидани қуму намак 74 техника вобаста шудааст, ки аз он 14 ададаш барои ағбаҳо аз ҷумла 5 техника ба ағбаи “Фахробод”, 5 техника ба ағбаи “Султонобод” ва 4 техника ба ағбаи “Левакант” вобаста шудаанд.
Ҳамзамон барои кормандон утоқҳои корӣ бо шароити хуб муҳайё аст ва онҳо бо сару либоси зимистона таъмин гардидаанд,-илова кард номбурда ва афзуд, ки мо кушиш мекунем, ки дар зимистон пурра ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар роҳҳо таъмин созем.

Роҳҳои минтақаи Бохтар ба зимистон омода ҳастанд
Блоки рекламавӣ


