Оё Вазорати нақлиёти кишвар ин роҳро ба шаҳри Бохтар медиҳад?
Роҳҳои гирдогирди шаҳри Бохтар, ки 12,7 клометрро ташкил медиҳад, ҳоли хароб дошта, барои рафтуомади воситаҳои нақлиёт монеа эҷод мекунанд. Аз вазъи хароби ин роҳҳо ҳамарӯза ронандагони воситаҳои нақлиёт изҳори нигаронӣ мекунанд.
Ин роҳҳо дар мувозинати Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён мебошанд. Шаҳрдори Бохтар, низ зимни нишасти хабарӣ аз вазъи харобии ин роҳҳо изҳори ташвиш кард.
Музаффар Холиқов, сармуҳандиси Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар иттилоъ дод, ки роҳҳои гирдогирди шаҳри Бохтар 12, 7 километро ташкил дода, аз ин 7,9 км роҳҳои байналмилалӣ буда танҳо 2,6 км он пурра таъмири асосӣ карда шуда, боқи ба таъмири асосӣ ниёз доранд.
– “Аммо аз автовокзал то чорроҳаи назди бозори Ҳоҷӣ Шариф ва аз инҷо то чорроҳаи Шаҳлои шаҳри Бохтар вайрону валангор буда, беш аз 20 сол боз тамоман таъмири асосӣ нашуданд. Танҳо аз ҳисоби идораи роҳҳои ноҳияи Кӯшониён ин роҳҳо таъмири ҷорӣ карда мешаванду халос”,-илова кард ӯ.
Раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид, рӯзи 4 феврали соли ҷорӣ зимни нишасти хабарӣ аз вазъи харобии роҳҳои гирдогирди шаҳр нигаронӣ карда, гуфт ин роҳҳо дар мувозинати ноҳияи Кӯшониён мебошанд: “Мо ба Вазорати Нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб кардаем, ки роҳҳои атрофи шаҳрро ба баланси идораи роҳҳои шаҳри Бохтар диҳанд. Агар мактуб дастгирӣ ёбад, мо роҳҳоро таъмир хоҳем кард” – гуфт шаҳрдор.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь