Мутахассисони хориҷӣ гуфтаанд, нерӯгоҳи барқи обии Роғун баръакси арзёбиҳои пешина қудратмандтар мешавад ва метавонад солона тақрибан 14 миллиарду 500 миллион киловатт-соат нерӯи барқ тавлид намояд.
Бар асоси тарҳи асосӣ ва арзёбии байналмилалии соли 2014, нерӯгоҳи Роғун бо шаш агрегати 600-мегаваттӣ қодир ба истеҳсоли 14 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ мегардид, аммо арзёбии нав нишон дод, ки нерӯгоҳи азимтарини Тоҷикистон аз ончи ки қаблан пешбинӣ мекарданд, қудратмандтар мешавад.
Дар арзёбии навшудаи таъсири экологӣ ва иҷтимоии Роғун, ки онро ҶСК “НБО Роғун” анҷом дод, омадааст, бо назардошти истифодаи технологияҳои нав иқтидори ҳар агрегат ба 630 мегаватт расонда мешавад ва дар натиҷа тавоноии неругоҳ аз 3600 мегаватти пешбинишуда то ба 3780 мегаватт бештар мегардад.
Арзёбии навро, ки бо мусоидати Бонки Ҷаҳонӣ омода шудааст, ҳукумат моҳи август нашр намуд.

Роғун нерӯмандтар мешавад!
Блоки рекламавӣ


