“Дар доираи иқдоми бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун бинои нави филиали №19-и Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба истифода дода шуд” – хабар доданд аз «Амонатбонк».
Бинои нав мутобиқ ба талаботи меъёрҳои муосир бунёд гардида, дар он барои фаъолияти беш аз 30 корманд, ки қисми зиёдашон бонувон ҳастанд, шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шуд.
Бино зиёда аз 760 метри мураббаъро ташкил дода, дорои 13 утоқи барҳавои корӣ, толори маҷлис, ҳуҷраҳои нигоҳдории ашёи қиматнок, анбор, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон аст.
Дар маросими ба истифода додани бинои нави филиали «Амонатбонк» дар шаҳри Роғун иброз гардид, ки ифтитоҳи филиали нав қадами муҳим дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии бонкӣ, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, зиёд намудани ҳиссаи қарздиҳӣ ба соҳаҳои кишоварзӣ, амалӣ намудани хизматрасониҳои нав бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва таҳкими мавқеи Бонки давлатӣ дар бозори молиявии мамлакат мебошад.
Андешидани тадбирҳо барои баланд бардоштани савияи маърифати молиявии аҳолӣ, такмили малакаи касбии кормандон дар самти истифодаи технологияҳои муосир ва афзоиши дастгирии қарзӣ ба соҳаи кишоварзӣ зикр гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь