Дар шаҳри Роғун бинои нави филиали №19-и Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон – Амонатбонк” дар доираи иқдомҳои созанда ба истиқболи 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Иншооти нав мутобиқ ба талаботи меъёрҳои муосир бунёд гардида, барои фаъолияти беш аз 30 нафар кормандон, ки қисми зиёди онҳоро занон ташкил медиҳанд, шароити мусоиди кору хизматрасонӣ фароҳам овардааст.
Дар маросими ифтитоҳи бино намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун — Раҳмон Исломиддин Хайриддин, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Салимзода Алиҷон Абдуҷалол ва раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло иштирок намуданд.
Масоҳати умумии бино зиёда аз 760 метри мураббаъро ташкил дода, он дорои 13 утоқи барҳавои корӣ, толори маҷлис, ҳуҷраҳои нигоҳдории ашёи қиматнок, анбор, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Зимни суханронӣ Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Алиҷон Абдуҷалол иброз доштанд, ки ифтитоҳи филиали нав қадами муҳим дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, афзоиши ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои кишоварзӣ, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосир бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва таҳкими мавқеи Бонки давлатӣ дар бозори молиявии кишвар маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон, роҳбарияти Бонк ба зарурати андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ, такмили малакаи касбии кормандон дар истифодаи технологияҳои муосир ва густариши дастгирии қарзӣ ба соҳаи кишоварзӣ таъкид намуданд.
Маросими ифтитоҳи филиали нави “Амонатбонк” дар шаҳри Роғун ҳамчун идомаи иқдомҳои созанда ва наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь