Ҳаракати фаластинии “Ҳамос” боз 13 гаравгони исроилиро ба кормандони кумитаи байналмилалии “Салиби Сурх” супорид.
Додани ҷасадҳои кушташудагон дертар баргузор мешавад, қайд мекунад шабакаи телевизионии Руссия.
Озод кардани маҳбусони фаластинӣ дар доираи созишномаи бадастомада дар бораи ҳалли низоъи Фаластин ва Исроил амалӣ карда мешавад.
Тибқи созишнома, амалиёти ҷангӣ қатъ карда мешавад, Исроил қисман аз Ғазза мебарояд ва “Ҳамос” ҳамаи гаравгонҳои боқимондаро дар ивази маҳбусони аз зиндонҳои Исроил озод мешуда, месупорад.
Блоки рекламавӣ



