Мулоқоти Владимир Путин ва Владимир Зеленский дар сурати розигии тарафҳо метавонад дар Маҷористон баргузор шавад. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо истинод ба намояндаи баландпояи маъмурияти ИМА хабар додааст.

Рӯзи гузашта Доналд Трамп пас аз гуфтушунид дар Вашингтон бо Президенти Украина ва раҳбарони Аврупо ба президенти Руссия занг зад. Ба гуфтаи Трамп, вай ба омодагӣ ба мулоқоти Владимир Путин ва Владимир Зеленский шурӯъ кардааст ва пас аз он мулоқоти сеҷониба баргузор мешавад.

Манбаи Reuters дар ҳайати Аврупо изҳор дошт, ки президенти ИМА ба роҳбарони Аврупо хабар додааст, ки худи президенти Русия маҳз чунин пайдарпайиро пешниҳод кардааст. Дар Маскав ин маълумотро ҳанӯз расман шарҳ надодаанд. Садри аъзами Олмон Фридрих Мертс қаблан гуфта буд, ки вохӯрии дуҷониба дар давоми ду ҳафтаи оянда баргузор мешавад.

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар навбати худ пешниҳод кард, ки ҷои муносиб барои баргузории ҳамоиш Женева хоҳад буд. Вай имкони баргузории вохӯриро дар Париж, “мисли соли 2019” рад кард, зеро ҳоло вазъ ба қавли Макрон тамоман дигар аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь