Исроил ва ҳаракати фаластинии “Ҳаммос” бояд созишномаро дар бораи марҳилаи аввали нақшаи ҳалли низоъ 9 октябр соати 12:00 ба вақти Маскав бояд имзо кунанд. Дар ин бора Reuters бо истинод ба манбаъҳояш хабар медиҳад.
Пас аз имзои созишнома, оташбас дар бахши Ғазза эътибор пайдо мекунад. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати оҷонсӣ, соати 17:00 сарвазири Исроил Бинёмин Нетаняҳу Ҳукумат ва кабинаи амниятиро барои тасдиқи ниҳоии ҷузъиети созишнома ҷамъ меорад.
Марҳилаи аввали нақшаи Президенти Амрико Доналд Трамп барои ҳалли низоъ озод кардани гаравгонҳоро дар давоми 72 соат пас аз имзои созишнома дарбар мегирад. “Ин метавонад 11 октябр рӯй диҳад”, – менависад Reuters. Намояндагони “Ҳаммос” барои гирифтани ҷасадҳои гаравгонҳои кушташуда аз зери харобаҳои Ғазза вақти бештарро талаб мекунанд.Тибқи иттилои ҷониби Исроил, дар Ғазза 20 гаравгон зиндаанд ва 28 нафари дигар кушта шудаанд. “Ҳаммос” изҳор дошт, ки аллакай рӯйихати гаравгонҳо ва маҳбусони фаластиниро барои табодул супоридааст. Давлати яҳудӣ бояд қариб ду ҳазор маҳбуси фаластиниро озод кунад.
Исроил инчунин бояд дар давоми 24 соат пас аз имзои созишнома як қисми сарбозонашро аз Ғазза барорад. Тибқи иттилои манбаи Ynet, дар марҳилаи аввали нақша артиши Исроил назорати 53% қаламрави анклавро идома медиҳад. Марҳилаи навбатии нақша таъсиси як созмони байналмилалиро барои идоракунии қаламрави Ғазза пешбинӣ мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь