Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2025 бар «Эсхата» бо ҳисоби 5:0 ғолиб шуда, бори ҳаштум дар таърихи худ соҳиби ин ҷоиза шуд.
Аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» баргузор гардид.
Нимҳимоятгари дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода Шервонӣ Мабатшоев беҳтарин бозигари бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 ҳисобида шуд.
Блоки рекламавӣ



