Дастаи “Регар”-ТадАЗ”-и Турсунзода дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025/26 дар гурӯҳи “С” қувваозмоӣ мекунад.
Рақибони “Регар-ТадАЗ” дар ин гурӯҳ дастаҳои «Мурас Юнайтед» (Қирғизистон), “Сафо” (Лубнон) ва “Ал-Арабӣ” (Кувайт) ҳастанд.
Ҳамаи бозиҳои ин гурӯҳ дар варзишгоҳи “Долон Умурзоқов”-и пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек доир мешавад.
Тибқи тақвими мусобиқот “Регар-ТадАЗ” 25-уми октябр бо “Мурас Юнайтед”, 28-уми октябр бо «Ал-Арабӣ» ва 31-уми октябр бо “Сафо” бозӣ мекунад.
Блоки рекламавӣ



