Сарҳадбонони ӯзбек дар қитъаи марз бо Қирғизистон чанд қуттӣ пайдо карданд, ки дар онҳо миқдори калони доруҳои сахтаъсир ба маблағи тақрибан 6,2 миллиард сӯм (4 485,5 ҳазор) буд. Дар ин бора шабакаи Telegram-и Кумитаи давлатии амнияти Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар қитъаи сарҳади давлатӣ, ки аз маҳаллаи Полмони шаҳри Кувасай мегузарад,миқдори зиёди доруҳои “Регапен” ва “Зардекс”, ки аз ҷониби шахсони номаълум оварда шудааст, ошкор карда шуд. Ҳаҷми умумии қочоқ беш аз 73,5 ҳазор адад доруворӣ, дар ҳафт қуттӣ бо 20 ҳазор капсулаи “Зардекс” ва 53,5 ҳазор таблеткаи “Регапен” буд.
Блоки рекламавӣ



