Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 5-уми сентябри соли 2025 бо ҳамроҳии ҷавони 25 ва марди 28-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҳангоми дар наздикии тарабхонаи “Баҳори Аҷам” қарор доштанашон, бо роҳи ошкоро бе ягон асос марди 37-солаи сокини пойтахтро лату кӯб намуда, аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад. Дар ин бара маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар додааст.
Блоки рекламавӣ



