6 март Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик», воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуданд.
Зикр гардид, ки корхона бо сармояи ватанӣ бунёд гардида, бо истифода аз технологияҳои муосир ба истихроҷ, коркард ва ғанигардонии маъдани оҳан машғул мешавад. Ин нахустин корхонаи ғанигардонии маъдан дар Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ буда, ба рушди соҳаи саноати маъдан, тақвияти иқтидори истеҳсолии кишвар ва афзоиши содироти маҳсулоти ватанӣ мусоидат хоҳад кард.
Тибқи иттилои масъулон, то имрӯз наздики 50 фоизи корҳои сохтмонӣ анҷом ёфта, васлу насби дастгоҳу таҷҳизот идома дорад. Захираи маъдани оҳан дар ин кон тақрибан 60 миллион тонна арзёбӣ мешавад.
Корхона дар ду марҳила — то солҳои 2027 ва 2031 ба истифода дода шуда, иқтидори солонаи он истихроҷ ва коркарди 2,5 миллион тонна маъданро ташкил медиҳад. Дар натиҷа 1,1 миллион тонна консентрат бо миқдори оҳани 62–65 фоиз истеҳсол гардида, қисми зиёди маҳсулот ба содирот равона мегардад.
Айни ҳол дар 15 қитъа зиёда аз 800 нафар мутахассисон фаъолият доранд. Пас аз ба кор даромадани марҳилаи аввал 1200 нафар ва баъди пурра ба истифода додани корхона беш аз 2000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Таъкид карда шуд, ки бунёди чунин корхонаи азими саноатӣ барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар аҳамияти муҳим дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь