Нозирони Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни гузаронидани амалиёти назоратӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рашт ва Тоҷикобод 12 ҳолати вайрон намудани талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зистро ошкор намуданд, ки дар натиҷа нисбат ба шахсони масъул санад тартиб дода шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додаанд.
Дар ноҳияи Рашт ҳамчунин як ҳолати шикори ғайриқонунии кабк ошкор гардида, як яроқи шикорӣ ва 5 кабк мусодира карда шуд. Илова бар ин, 60 кабки зинда мусодира гардид. Ҳамчунин ба 280 шаҳрванд зарари шикори ғайриқонунӣ фаҳмонида шуд.
Блоки рекламавӣ



