Дар ноҳияи Рашт рӯзи 16 ноябр дар вақти тӯй мошине ба сутуни бетонӣ бархӯрда, сабаби марги 3 ҷавон гардид.
Вақте барои овардани арӯс ба деҳаи Бедак мерафтанд, ногоҳ яке аз мошинҳо ба сутуни канори роҳ бархӯрд.
Дар ин ҳодиса се ҷавон ба ҳалокат расидаанд, ки якеашон хонандаи синфи 11 ва дуи дигар 21 ва 28 сола буданд. Дар ин ҳодиса ҳамчунин ду нафари дигар, аз ҷумла ронандаи мошини “Опел” сахт ҷароҳат бардошта, зери назорати пизишкон қарор дорад.
Сокинони деҳаи Навобод гуфтанд, яке аз қурбониён бародари домод буд ва дар як лаҳза тӯйхона ба мотамхона табдил ёфт. Як намояндаи ҷамоати Навобод гуфтааст мақомот ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь