Сокини деҳаи Хуҷаалии Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт Ҷунайдулло Атоев ҳамроҳ бо фарзандонаш бо маблағҳои барои ҳаҷ пасандозкардаашон дар болои дарёи Сорбоғи ноҳия пули мошингузар бунёд намуда, пули одамгузари болои ҳамин дарёро таъмири пурра намуданд.
Бо ин амали хайри Ҷунайдулло Атоев ва фарзандонаш мушкилии хонандагони деҳаҳои Боғистон, Пингон ва Боғистони поён, ки ба муассисаи таълимии деҳаи Хуҷаалӣ меомаданд, бартараф гардид. Ҳамзамон рафту омади сокинони шаш деҳаи Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт- Хуҷаалӣ, Кӯҳдоман, Шингилич, Рувоз, Хуҷаалии поён ва Боғистон хеле осон шуд.
Ҷунайдулло Атоев ва фарзандонаш ҳамчунин 80 симчӯби чӯбинро ба симчӯбҳои бетонӣ иваз намуданд, ки бо ин кори хайр садамаҳои пайдарпайи хатҳои ҳавоии неруи барқ бартараф гардид.



