Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 дар ноҳияи Рашт 9 бинои нави таълимӣ, 3 бунгоҳи тиббӣ, 2 китобхона, 2 муассисаи томактабӣ ва бинои иловагии кӯдакистони №1 барои 80 кӯдак сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ додаанд.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорону сармоягузорон бунёди 404 иншооти таъйиноти гуногун дар назар аст. То имрӯз аз 404 иншооти нақшавӣ 278 адад мавриди истифода қарор гирифта, сохтмони 106 иншоот идома дорад.
Дар доираи татбиқи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Рашт барои солҳои 2021-2025» дар соҳаи маориф, 34 бинои муассисаи таълимӣ, дар соҳаи тандурустӣ 19 бинои беморхонаю маркази саломатӣ ва дар соҳаи варзиш 34 толору майдончаи варзишӣ сохта шуд.
Дар ноҳияи Рашт дар ин давра шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ ба 36 адад расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 чор корхона зиёд аст.

Рашт: Нӯҳ бинои таълимӣ, се бунгоҳи тиббӣ ва ду китобхона
Блоки рекламавӣ


