Дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Ватан ҳарчи хоҳад, адо мекунем!» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор шуд. Раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, бо дуои неки модарон ва баргузор намудани маросими кулчагазон наваскаронро ба сафи Артиши миллӣ гусел карданд.
Дар майдони қисми ҳарбӣ даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои ҳамроҳ шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд. Дар натиҷа ноҳияҳои Лахш, Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод ва Рашт нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуданд.
Дар чорабинии мазкур ба зиёда аз 150 даъватшавандае, ки даври омӯзишии ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, барои дохил шудан ба сафи Артиши миллӣ ба таври ихтиёрӣ ариза навишта буданд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.
Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ дастаи ҳаваскорони бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои минтақа барномаи ҷолиби консертиро манзури ҳозирин карданд.

Рашт: Нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро шуд
Блоки рекламавӣ


