Бо назардошти он, ки зардолу меваи писандидатарини мардуми тоҷик аст, ба қавле, меваи миллист ва дар рўзгори мардум нақши муҳим дорад, 10 сол пеш қарор дода шуда буд, ки дар майдони назди Маркази савдои «Пайванд»-и маркази шаҳри Исфара рамзи зардолу бунёд шавад.
Бо гузаштани беш аз 10 сол зарурати ба дигар ҷой кӯчонидани ин рамз ба миён омад. Кадом омилҳо сабаб гардиданд, ки чунин тасмим гирифта шавад? Бо ин савол ба шуъбаи меъмории шаҳри Исфара мурочиат намудем ва чунин иттилоъи расмӣ дастрас гардид:
“Аввалан, ин мавзеъ аз ҷиҳати бехатарии ҳаракати роҳ мушкилӣ дошт ва барои ронандагон маҳдудияти дид ба вуҷуд меовард. Ин мушкилӣ солхои охир бинобар аз ҳад зиёд гардидани шумораи нақлиёт боз ҳам афзуд.
Сониян, зери маҷмаа қубури калони об мегузарад, ки заминҳои як қатор хоҷагиҳои деҳқониро бо оби полезӣ таъмин менамояд. Ин қубур хеле фарсуда шуда, айни ҳол аз нав таъмиру бозсозӣ шуда истодааст.
Ва ниҳоят, дар доираи маъракаи ободонӣ, ки имрузҳо дар шаҳр вусъати тоза дорад, рамзи Исфара — “Зардолу” дар ҷои дигари шаҳр, бо тарҳу намои муосир ва касбӣ аз нав бунёд мегардад” – посух доданд аз шуъбаи меъмории шаҳр.

Рамзи Исфара “Зардолу” дубора эҳё мешавад
Блоки рекламавӣ


