Моҳи шарифи Рамазон 19-уми феврал оғоз гардида, то 20-уми март идома меёбад. Дар ин бора Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим хабар додааст.
Мувофиқи ҳисоби илмӣ аввали моҳи шарифи Рамазон дар соли 2026 ба ҳисоби тақвимӣ рӯзи панҷшанбеи 19-уми феврал муайян гардидааст.
10-уми феврал, Шӯрои уламои кишвар ҷаласа баргузор карда, дар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қарори дахлдорро қабул кардааст.
Тибқи қарори Шӯрои уламо, дар соли 2026 маблағи фитри рӯза ва фидяи савм нисбат ба соли гузашта кам шудааст, аммо нисоби закот афзоиш ёфтааст. Имсол ҳар як кас бояд 7 сомонӣ фитри рӯза пардохт кунад, ки нисбат ба соли 2025 (8 сомонӣ) як сомонӣ кам шудааст.
Агар шахс 64 ҳазор сомонӣ ё зиёдтар дошта бошад, бояд 1 ҳазору 600 сомонӣ закот супорад. Дар соли гузашта ин нишондиҳанда 36 ҳазору 9 сомонӣ буд ва маблағи закот 880 сомонӣ ташкил медод. Имсол ҳам нисоб ва ҳам маблағи закот қариб ду баробар афзоиш ёфтааст.
Барои онҳое, ки ба сабабҳои шаръӣ рӯза намегиранд, фидяи савм дар соли 2026 барои 30 рӯз 420 сомонӣ (14 сомонӣ барои як рӯз) муқаррар гардидааст. Соли 2025 ин рақам 480 сомонӣ (16 сомонӣ барои як рӯз) буд.
Аз Кумитаи дин ва танзими ташну маросим сабаби тағйироти чашмрас дар маблағи фитри рӯза, фидяи савм ва нисоби закот нисбат ба соли гузаштаро ба нархи тилло ва гандум рабт доданд.

Рамазон меояд!
Блоки рекламавӣ


