Репсарои тоҷик Муродов Рамазон бо тахаллуси “Ралик”, аз ҷониби кормандони Бозрасии автомобилии ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе боздошт шуд.
Муродов пештар ҳам барои дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаи нақлиёт ҷаримаи маъмурӣ ба муҳлати 5 сол аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт маҳрум карда шуда буд, аммо ба хилофи талаботи қонун, дидаву дониста дар ҳолати сархушӣ аз истеъмоли воситаҳои нашъадор, ба идораи воситаи нақлиёт машғул шудааст.
Нисбати вай бо моддаи 337 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол гардид. Тибқи талаботи моддаи мазкур нисбати номбурда ба андозаи 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 30 ҳазор сомонӣ ҷарима бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 10 сол таъин шуд.
Бояд гуфт, ки ин репсаро қаблан барои авбошӣ ва бори дуюм истифодаи маводи нашъаовару таҳқири намояндагони ҳукумат боздошт гардида буд.

“Ралик” сӣ ҳазор ҷарима медиҳад
Блоки рекламавӣ


