Меҳроҷи Назирмад, ки қаблан 5-маротиба бо гуноҳи дуздӣ суд шудааст, боз такроран аз ҷониби кормандони Шуъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо гумони дуздӣ дастгир гардид.
Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки номбурда дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ аз дохили воситаҳои нақлиёт маблағҳои пулӣ, телефони мобилӣ ва дигар ашёҳои арзишмандро медуздидааст.
Айни замон ду далели дуздии Меҳроҷи Н., ошкор карда шуда, тафтишот идома дорад.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки агар аз ин нафар ҷабр дидаанд, тавассути рақамҳои (+992) 018-02-02-02 ба Раёсати ВКД дар ш.Душанбе муроҷиат кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь