Идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба 120 техника эҳтиёҷ дорад, ки барои дастрас кардани ин техникаҳо ба мақомоти дахлдор аз ҷониби ин Раёсат мактуб карда шудааст. Дар ин бора сардори ниҳоди мазкур Хоҷазода Иззатулло, зимини нишасти хабарии ниҳодаш иттилоъ дод.
Номбурда илова кард, ки идораҳои зертобеъи онҳо ба 18 адад экскваторҳои 18 метра, 19 адад экскватори 12 метра, 10 адад булдозер, 10 адад мехлапата, 20 адад мошини боркаш, 14 адад крани борбардор, 10 адад манипулиятор ва адад трайоер эҳтиёҷ доранд.
Номбурда илова кард, ки барои дастрас кардани ин техникаҳо ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб карданд.
Соли гузашта ба идораҳои зертобеъи ин Раёсат 7 техника ворид карда шудаст,-илова кард ӯ ва афзуд, ки айни замон дар мувозинаи Идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 51 техника мавҷуд аст, ки аз ин 40 адад экскватор ва 11 адад булдозер мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь