Аз 1 январи соли 2026 раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Туркманистон гузашт. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ доир ба ҷамъбасти ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар доданд.
Дирӯз дар Қасри миллат таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд.
Дар ҷаласа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон дар соли раёсати худ дар Иттиҳод дар ҳамкории зич бо кишварҳои иштирокдор ва Кумитаи иҷроия барои татбиқи самараноки ҳадафҳои пешбинишуда фаъолият дошт.
Ҳамзамон дар ҷаласа масоили мубрами ҳамкории муштарак дар соҳаи амният, аз ҷумла мубориза бо терроризму экстремизм ва таҳкими ҳамкории сарҳадию низомӣ баррасӣ шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь