Ноҳияи Спитамен аз ҷумлаи минтақаҳои пешсафи вилояти Суғд дар соҳаи кишоварзӣ маҳсуб меёбад. Бо мақсади таъмини мунтазами оби полезӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо дар соли оянда таъмири пойгоҳҳои обкашии ноҳия аз ҳоло оғоз ёфтааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ бо ҷараёни таъмири пойгоҳҳои обкашӣ шинос шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, таъмиру навсозии 26 дастгоҳи обкаш ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 7 агрегат пурра омода ва ба кор дароварда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки барои обёрии заминҳои киштшаванда дар ноҳияи Спитамен 13 пойгоҳи обкашӣ фаъолият доранд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамасола дастгоҳҳои нави обкашӣ харидорӣ ва насб карда мешаванд, ки ин иқдом ба таъмини устувори заминҳои киштшаванда ва рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидат менамояд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулин дастур дод, ки корҳои омодагӣ ба мавсими нави киштукорро дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд анҷом диҳанд.
Таъкид гардид, ки ба даст овардани ҳосили фаровон ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз фаъолияти мунтазами пойгоҳҳои обкашӣ вобастагӣ дорад. Дар ин маврид аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар додаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь