Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо директори генералии корхонаи муштараки “Зарафшон” Оуян Лунао мулоқот намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ, васеъ намудани доираи фаъолият ва саҳмгузории корхона дар корҳои ободониву созандагӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси вилояти Суғд дар оғози суҳбат таъкид кард, ки бо шарофати сиёсати дурнигаронаи сарони ду кишвари дӯст — Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкориҳои иқтисодию саноатӣ рушд намуда, корхонаҳои бузурги саноатӣ дар кишвар, аз ҷумла дар вилояти Суғд, бунёд мегарданд. Таъкид гардид, ки корхонаи муштараки “Зарафшон” аз зумраи корхонаҳои азими саноатии вилоят ба шумор рафта, дар рушди иқтисодии шаҳри Панҷакент ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои соҳаи саноат нақши назаррас дорад.
Тибқи таҳлилҳо, дар даҳ соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхона ба таври қобили мулоҳиза афзудааст. Агар соли 2014 маҳсулоти истеҳсолгардида ба маблағи 727,6 миллион сомонӣ баробар бошад, пас соли 2024 ин нишондиҳанда ба 5 миллиарду 759,7 миллион сомонӣ расидааст. Дар ин давра на танҳо ҳаҷми истеҳсолот, балки шумораи кормандон ва сатҳи музди маоши онҳо низ афзоиш ёфтааст.
Раиси вилоят зикр кард, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти корхонаи муштараки “Зарафшон” васеъ гардида, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ идома дорад. Ӯ таваҷҷуҳи роҳбарияти корхонаро ба як қатор самтҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ ҷалб намуда, иброз дошт, ки зарур аст саҳмгузорӣ дар бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ворид намудани заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ, инчунин бунёди боғу токзори нав дар ҳудуди шаҳри Панҷакент ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон, Раиси вилоят таъкид кард, ки корхона метавонад дар бунёди мактабҳо ва кӯдакистонҳои нав, мумфаршкунии роҳҳо ва дигар корҳои ободонӣ нақши фаъол бозад.
Раҷаб Аҳмадзода зикр намуд, ки соли 2026 мардуми кишвар 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил хоҳанд кард ва шаҳри Панҷакент низ ҷашни фархундаро бо дастовардҳои шоиста бояд пешвоз гирад. Ба ин муносибат корҳои ободониву созандагӣ бо саҳми фаъолонаи аҳолӣ, соҳибкорон ва корхонаҳои саноатӣ вусъати тоза хоҳанд гирифт.
Дар навбати худ, директори генералии корхонаи муштараки “Зарафшон” Оуян Лунао барои ҳамкории судманд ва дастгирии пайваста аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки корхона омода аст уҳдадориҳои худро бо масъулияти баланд иҷро намояд. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки татбиқи ҳадафҳои нав ва густариши ҳамкориҳои мутақобила имкон медиҳанд, ки дастовардҳои истеҳсолӣ боз ҳам афзун гардида, саҳми корхона дар рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа бештар шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь