Бузургдошти рўзи қофиласолори шеъри Аҷам, поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушшуаро устод Абўабдуллоҳи Рўдакиро ба сокинони вилоят, аҳли илму адаб ва мухлисону иродатмандони каломи бадеӣ табрику таҳният мегўям.
Боиси ифтихор аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибихтиёри мо таҳти сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги оламшумул, гиромӣ доштани ном ва кору пайкори абармардони илму адаб рукни муҳими давлатдориро ташкил дода, ҷашни фарзандони бузурги миллати тоҷик, ки дар рушди фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштаанд, дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Зеро осори арзишманди аҳли маърифат, аз ҷумла саромади шеъри тоҷикии форсӣ устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ҳамчун ганҷинаи маънавӣ барои шинохти воқеияти таърихӣ, муайян намудани роҳи минбаъдаи давлатдорӣ ва рушду пешрафти кишвари азизамон мусоидат менамояд.
Маҳз бо баракати шеъри оламгир ва мероси гаронбаҳои устод Рўдакӣ забони тоҷикӣ асолати хешро нигоҳ дошта, барои бо намунаҳои илмиву адабӣ ва ахлоқиву маънавӣ ғанӣ гардидани хазинаи фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ нақши арзанда гузоштааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди арзишу аҳамияти шеъри оламгири Рўдакӣ ва нақши он дар тарбияи маънавии инсонҳо чунин таъкид намудаанд: «Мо ворисони тамаддуни куҳанбунёд ва фарҳанги солори тоҷикон имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки шеъри ҷовидонаи Рӯдакӣ омили ҳастӣ ва бақои забони тоҷикӣ буда, саҳми он дар баланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносӣ, ватандориву ватанпарастӣ, таҳкими ваҳдату ягонагии миллӣ ва густариши фарҳангу тамаддуни мо бениҳоят барҷаста аст».
Воқеан ҳам, ашъори панду ахлоқии Рӯдакӣ бо арзишҳои башардӯстонаи саршор аз фалсафаи зиндагӣ ва бо қимати бузурги ахлоқиву фалсафӣ, ҳамчун махзани хираду ҳикмати халқи тоҷик барои покизагии афкору андеша, равшании қалбҳо ва ахлоқи ҳамидаи башар хизмат менамояд.
Дар шароити имрўзаи ҷаҳонишавии арзишҳои миллию фарҳангӣ мероси гаронбаҳои устод Рўдакӣ бо маънию мазмун ва муҳтавои баланди башардӯстонаи худ барои пойдорию устувории забону фарҳанг ва истиқлолу ҳувияти миллии мо хизмат намуда, дар баробари ин мардуми оламро ба сулҳу дӯстӣ, некўкорӣ, зиндагии хушбахтона ва ваҳдату ҳамгироӣ даъват мекунад.
Аз ин лиҳоз, барои ҳар яки мо шеъри ҷовидонаи Рӯдакӣ ва ҳифзу гиромидошти ин бойигарии маънавӣ маънои эҳтиром ба фарҳанги оламшумул, тамаддуни пешрафта, халқу миллат ва Ватани маҳбубамон мебошад.
Бори дигар, сокинони маърифатпарвару шарафманди вилоятро бо Рўзи Рўдакӣ табрику таҳният гуфта, дар амалӣ намудани ниятҳои нек муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.
Бигзор, кохи бегазанди шеъри Рӯдакӣ то абад пойдор бошад!

Раҷаб Аҳмадзода: Шеъри Рӯдакӣ омили ҳастии забони тоҷикӣ аст
Блоки рекламавӣ


