Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо фаъолияти Шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд шинос гардида, бо шароити хизматии кормандони милитсия аз наздик ошно шуд.
Зимни мулоқот бо ҳайати шахсӣ таъкид гардид, ки мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлат дар ҳифзи сулҳу субот, ваҳдату якпорчагӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ нақши калидӣ доранд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилии шаҳр минбаъд низ ба савганди касбӣ содиқ монда, баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, таъмини оромии ҷомеа ва мубориза бо ҳар гуна зуҳуроти ҷинояткорӣ тамоми донишу малака ва неруву тавони худро равона месозанд.
Дар доираи дастгирии моддиву техникии сохтор ба шуъбаи мазкур ду адад автомобили нави барқӣ тақдим гардид, ки ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва иҷрои босамари вазифаҳои хизматӣ мусоидат менамояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь