18 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба ноҳияи Шаҳристон сафар карда, бо нақшаи азхудкунии заминҳои лалмӣ ва рушди картошкапарварӣ шинос гардид.
Ноҳияи Шаҳристон яке аз минтақаҳои асосии картошкапарвари вилоят ба шумор рафта, дар ин ҷо бо ташаббуси хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дастгирии мақомоти маҳаллӣ корҳои мелиоративӣ оғоз ёфтаанд. Тибқи нақша, тақрибан 20 хоҷагии деҳқонӣ тасмим доранд то 500 гектар замини лалмиро тавассути кандани чоҳҳо обёрӣ намуда, картошка кишт намоянд.
Сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Шаҳристон Шавкат Абдурасулзода иттилоъ дод, ки кофтани 20 чоҳи амудӣ ба нақша гирифта шуда, ҳар як чоҳ то 20-25 гектар заминро бо оби полезӣ таъмин хоҳад кард.
Зимни суҳбат бо кишоварзон таъкид шуд, ки зиёд намудани истеҳсоли картошка ҷиҳати таъмини бозори истеъмолӣ дар авлавият қарор дорад, зеро картошка маҳсулоти асосии ғизоӣ ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва Шаҳристон барои рушди картошкапарварӣ заминаҳои мусоид мавҷуд буда, азхудкунии заминҳои нав метавонад ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намояд.

Раҷаб Аҳмадзода дар Шаҳристон
Блоки рекламавӣ


