Дар ноҳияи Шаҳристон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз ёфт.
Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз дар шафати шоҳроҳҳо, талу теппаҳо, афзоиши майдони боғи себ, барқарорсозии боғоти куҳна ва корҳои хуррамгардонӣ тақвият дода шавад. Ҳамчунин ба ҳифз ва барқарорсозии ҷангалзорҳо ва иҷрои барномаҳои давлатии соҳавӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Иқлими ноҳия барои парвариши дарахтони себ мувофиқ арзёбӣ шуда, таъкид гардид, ки бо истифодаи самараноки замин майдони боғот васеъ ва ниҳолхонаҳои нав ташкил карда шаванд. Айни замон дар ноҳия дар доираи барномаҳои давлатӣ парвариши ниҳолҳои мевадиҳанда ва ҳамешасабз ба роҳ монда шудааст.
Тибқи нақша то анҷоми мавсими ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Шаҳристон ҳазорҳо бех дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, дарахтони мевадиҳанда ва гулу гулбуттаҳо шинонида мешаванд. Дар баробари ин, ба таъмини сабзиши ниҳолҳо ва тозагии муҳити зист, махсусан минтақаҳои сайёҳӣ, таваҷҷуҳи бештар дода мешавад.

Раҷаб Аҳмадзода дар Шаҳристон
Блоки рекламавӣ


