Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом бо роҳбарияти шаҳр, намояндагони сохторҳои дахлдор, фаъолон, роҳбарони ҷамоатҳои деҳот, корхонаҳои коркарди пахта машварати корӣ баргузор намуд.
Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода зимни ироаи ҳисобот қайд намуд, ки аҳолии касбу кори гуногун, фаъолони маҳаллаҳо, аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва кормандони сохторҳои гуногун дар ҷамъоварии пахта ба деҳқонон кумак расонида истодаанд.
Раиси вилоят зарур шуморид, ки ба истифодаи оқилонаи обу замин бунёди боғу токзорҳои нав, гармхонаҳои замонавӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешрафтаи соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад. Тазаккур дода шуд, ки шаҳри Конибодом дорои зарфиятҳои фаровон аст ва истифодаи дурусти онҳо метавонад ба рушди ҳамаҷонибаи шаҳр мусоидат намояд.
Ба роҳбарияти шаҳр инчунин ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистон, дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳо дода шуд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь