Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Исфара корҳои ободониву созандагӣ бо суръати баланд идома доранд.

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, саҳмгузории соҳибкорони ватандӯст ва сокинон як қатор иншооти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бунёд мегарданд. Зимни сафари корӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ шинос шуд.

Дар маҳаллаи Таги Бораи деҳоти Чоркуҳ сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 120 кӯдак ва майдончаи варзишӣ идома дорад. Бинои муассиса бо тарҳи муосир қомат афрохта, барои таълиму тарбияи кӯдакон шароити мусоид фароҳам хоҳад овард. Ҳамзамон сохтмони толори варзишии болопӯшида низ ҷараён дошта, он ба рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат хоҳад намуд.

Дар ҷамоат сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 79 барои 240 хонанда идома дорад. Муассиса бо синфхонаҳои барҳаво, ошхона, толори варзишӣ ва утоқҳои корӣ муҷаҳҳаз гардида, бо ба истифода супоридани он норасоии ҷойи нишаст бартараф хоҳад шуд. Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки корҳои сохтмонӣ бо истифодаи масолеҳи босифати ватанӣ ва риояи ҳатмии қоидаҳои бинокорӣ ба анҷом расонида шаванд. Дар толори Муассисаи байналмилалии “Контакт” роҳбари вилоят бо гурӯҳи зиёди хонандагони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд мулоқот намуда, ба онҳо либосҳои мактабӣ, ҷузвдон ва лавозимоти хониш тақдим дошт.

Таъкид гардид, ки ин табақаи ҷомеа пайваста таҳти ғамхории давлату Ҳукумат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Корҳои ободонию созандагӣ дар деҳоти Чоркуҳ бо ташаббуси соҳибкорон ва саъю кӯшиши сокинон вусъат ёфта, марказҳои савдову хизматрасонӣ, коргоҳҳои хурди дӯзандагӣ ва пойафзолбарорӣ низ бунёд мегарданд.

Дар шаҳраки Нурафшон Раиси вилоят бо лоиҳаи бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ шинос гардид. Дар инҷо дар масоҳати 600 гектар боғи дарахтони мевадиҳанда бунёд ёфта истодааст, ки ин иқдом ба фароҳам овардани беш аз 200 ҷойи кори доимӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин роҳбари вилоят аз ҳоли собиқадорони меҳнат Анҷир Атласова ва Тӯхта Ҳомидова хабар гирифта, ба онҳо туҳфаҳои моддиву пулӣ тақдим намуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь