Имрӯзҳо таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи сиҳатии омма таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида истодааст. Дар ин раванд, айни замон дар шаҳри Хуҷанд бунёди бинои инноватсионии назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1, бинои иловагии Маркази саратоншиносии вилояти Суғд, бинои иловагии Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд ва бинои иловагии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд идома дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои нав, сатҳи хизматрасонӣ боз ҳам беҳтар гардонида хоҳад шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо сохтмони биноҳои соҳаи тандурустӣ аз наздик шинос шуда, барои иҷрои босифати корҳо ба масъулин супоришҳо дод.
Бояд қайд кард, ки бинои иловагии Маркази саратоншиносии вилояти Суғд аз 6 ошёна иборат аст ва он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта шуда, фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилоят ба ҳисоб меравад. Дар бинои нав ҳуҷраҳо барои 150 кат, шуъбаҳои эҳё ва ҷарроҳӣ ҷойгир карда мешаванд. Маркази саратоншиносии вилояти Суғд ба сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд хизмат мерасонад. Беморхона дорои шуъбаҳои эҳё, мулоиҷа, ҷарроҳӣ, муолиҷаи кимёвӣ, табобати нурафканӣ буда, барои қабул, ташхису муоина ва пешгирии беморӣ мутахассисони баландихтисос, ки мунтазам дар кишварҳои перафта таҷрибаомӯзӣ мекунанд, фаъолият доранд.
Бинои иловагии Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд низ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта шуда, барои 120 кат бо тамоми шароит ба истифода дода хоҳад шуд. Бинои инноватсионии назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд аз 7 ошёна иборат буда, барои 260 кат пешбинӣ гардидааст. Дар бинои инноватсионии беморхона усулҳои муосири табобату ҷарроҳӣ бо истифода аз технологияи муосир ба роҳ монда хоҳад шуд. Дар ин маврид Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар додааст.

Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд
Блоки рекламавӣ


