Дар доираи корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар шаҳри Гулистон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид.
Дар мавзеи Султонобод, шафати роҳи “Осоишгоҳи Баҳористон” аз ҷониби кормандони ташкилоту муассисаҳо зиёда аз 250 бех дарахти санавбар шинонида шуд.
Раиси вилоят сипас дар маҷмааи сохташавандаи қабули меҳмонони олиқадр дар шаҳри Гулистон бо ҷараёни парвариши ниҳолони мевадиҳанда ва ороишиву сояафкан шинос гардид. Тавре иттилоъ дода шуд, дар ин мавзеъ баробари дарахтони ҳамешасабз ҳамчунин ниҳолҳои мевадиҳанда парвариш меёбад, ки ба иқлими минтақа мутобиқ мебошад.
Роҳбари вилоят ба масъулин ҷиҳати истифодаи самараноку мақсадноки заминҳо ва шинонидану парвариши дарахтони ороишиву сояафкан ва ба иқлими минтақа мутобиқ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Барои ин фаъолияти якҷояи олимону мутахассисони соҳа ба манфиати кор арзёбӣ гардид.
Ба масъулини бахши ҳифзи муҳити зист, хоҷагии манзиливу коммуналӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷиҳати доимо сабзу хуррам нигоҳ доштани роҳҳои асосиву маҳаллӣ ва ба тартиб даровардани дарахтони ороишиву сояафкан маслиҳат ва супоришҳо дода шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь