Дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат дар вилояти Суғд ба таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.
3 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздиди корӣ аз шаҳри Бӯстон бо раванди сохтмони як қатор корхонаҳои саноатӣ шинос гардид.
Аз ҷониби ҶДММ «Анқо Инвест» дар масоҳати 3 гектар корхонаҳои бузурги забҳи мурғ, тозакунӣ ва бастубанди маҳсулот бунёд шуда истодааст. Дар корхона таҷҳизоту технологияҳои муосири кишварҳои Чин, Шветсария ва Федератсияи Русия васлу насб мегарданд. Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби масъулони ширкат тамоми занҷираи истеҳсолот — аз барориши чӯҷа, парвариши мурғ то истеҳсоли гӯшт ба роҳ монда хоҳад шуд.
Бо ба фаъолият оғоз намудани ин корхона, ки мутобиқ ба талаботи муосир бунёд мешавад, то 200 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои соҳибкорон барои татбиқи пурраи лоиҳа тавсияҳо дод.
Ҳамчунин, соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Дадоматов тасмим гирифтааст ҷиҳати таъмини бозор бо масолеҳи сохтмон боз як корхонаи нав бунёд намояд. Дар корхонаи нав истеҳсоли ширеши сохтмонӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот ва фаъолияти корхонаи истеҳсоли газоблок, ки қаблан мавриди истифода қарор дода шуда буд, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба фаъолияти ин соҳибкор дар самти бунёди корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ баҳои баланд дод.
Ҳамзамон, роҳбари вилоят бо корҳои азнавсозии меҳмонхонаи “Хуҷанд” ва Театри русии драмаи ба номи А. Пушкин шинос гардида, барои бо сифати баланд ба охир расонидани корҳо ба масъулин супоришҳо дод.

Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон
Блоки рекламавӣ


