Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо лоиҳаи бунёди пули нав, ки байни микроноҳияи 12-ум ва маҳаллаи Раззоқ сохта мешавад, шинос шуд.
Зимни муаррифии лоиҳа ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки бо назардошти сол ба сол зиёд гардидани шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ ва шахсӣ зарурати сохтмони пули нав ба миён омадааст.
Лоиҳаи пули мазкур аз ҷониби ҶДММ «Роҳи Ваҳдат» таҳия гардида, пул аз маҳаллаи 12-ум то маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд бунёд шуда, дарозии умумии он 310 метр ва паҳноияш 26 метрро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки дар ду канори пул барои пиёдагардон роҳравҳои махсус пешбинӣ гардида, тамоми талабот ва меъёрҳои сохтмониву меъморӣ пурра риоя хоҳанд шуд. Бо ин мақсад бунёди 11 сутунпоя дар назар дошта шуда, ҳамзамон аз ду тарафи пул сохтмони роҳҳои ҳалқавӣ барои пайвастан ба он ба нақша гирифта шудааст.
Татбиқи ин лоиҳа ба коҳиш ёфтани тамбашавии роҳҳо дар маркази шаҳри Хуҷанд ва сабук гардидани ҳаракат дар пули куҳна мусоидат хоҳад кард.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ ба масъулин, меъморон ва сохтмончиён ҷиҳати такмили лоиҳа ва ба инобат гирифтани тамоми талаботи муосири сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар доираи васеъкунии роҳҳои дохили шаҳри Хуҷанд ҳамзамон пули куҳнаи шаҳр низ мавриди таҷдид қарор мегирад. Тибқи нақша паҳноии пули куҳна то 16 метр васеъ гардида, роҳи автомобилгард фарохтар карда мешавад. Барои ин, васеъсозии роҳи автомобилгард аз назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ то истгоҳи универмаг ба масофаи 818 метр дар назар аст.
Корҳои сохтмонӣ ва навсозии ин ду иншооти муҳим дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, тибқи нақша дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд ба анҷом расонида хоҳанд шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь