9 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Панҷакент бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва нақшаҳои бунёди иншооти нави истеҳсолӣ шинос шуд.
Раиси вилоят нахуст бо нақшаҳои созандаи корхонаи муштараки ҶДММ «БРОАДТЕК» шинос гардид. Ба иттилои масъулин, дар баробари такмили фаъолияти истеҳсолӣ, дар ҳудуди корхона бунёди коргоҳи нав барои коркарди пурраи ашёи хом пешбинӣ шудааст. Барои татбиқи ин лоиҳа сармоягузорӣ дар ҳаҷми 400 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, садҳо нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. Иқтидори корхона то 300 тонна коркарди маъдан дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад.
Роҳбари вилоят бо лоиҳаи ҶДММ «Канзи диёр» шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки дар деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент дар заминаи захираҳои кашфшудаи маъдан бунёди корхонаи истеҳсоли сурма ба роҳ монда мешавад. Ҳаҷми сармоягузорӣ 500 миллион сомонӣ буда, баъди мавриди истифода қарор гирифтани он 500 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад. Иқтидори корхона 2000 тонна коркарди маъдан дар як шабонарӯзро ташкил хоҳад дод.
Айни замон ширкат ба бунёди инфрасохтори зарурӣ машғул буда, сохтмони ду шаҳраки истиқоматӣ барои кормандони муҳандисию техникӣ ва коргарон, ки дорои 300 ҷой мебошад, идома дорад. Дар онҳо тамоми шароити зарурии зист фароҳам оварда мешавад.
Дар идомаи сафар дар шаҳри Панҷакент бо иштироки Раиси вилояти Суғд ба бунёди коргоҳи нави саноатӣ оғоз бахшида шуд. Иншоот бо саҳми ҶДММ «Оби Ҳафткӯл» ва иқдоми соҳибкори ҷавон Афзалшо Дӯстзода сохта мешавад. Дар доираи лоиҳа корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан ва коргоҳи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таъсис ёфта, истеҳсоли оби бегаз, оби газдор ва шарбатҳо бо технологияҳои муосир ба роҳ монда мешавад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин корхона 60 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Таҷҳизоти истеҳсолӣ аз кишварҳои пешрафта ворид ва насб гардида, тибқи нақша корҳои сохтмонӣ соли равон ба анҷом мерасад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь