25 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба ноҳияи Зафаробод сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуд. Дар хоҷагии деҳқонии «Дилнур», ки дорои 12 гектар замин буда, имсол дар майдони 8 гектар пахта кишт шудааст, ҳамарӯза то 100-120 нафар ҳашарчиён аз ноҳияи Деваштич ба ёрии деҳқонон меоянд.
Дар хоҷагии деҳқонии «Бегалихон» низ саҳмдорон бо ёрии ҳашарчиён ҳосилро ҷамъоварӣ намуда истодаанд. Имсол дар ин хоҷагӣ 16 гектар пахта кишт гардида, корҳои саҳроӣ мутобиқ ба талаботи агротехникӣ ба роҳ монда шудаанд.
Раиси вилоят зикр кард, ки имсол дар вилояти Суғд ҷамъоварии зиёда аз 131 ҳазор тонна пахта ба нақша гирифта шудааст. Ҳамарӯза дар шаҳру навоҳии пахтакори вилоят 55 ҳазор нафар саҳмдорону чинакчиён ба саҳро баромада, дастранҷи марди деҳқонро ҷамъоварӣ мекунанд.
Дар хоҷагии деҳқонии «Камола» Раиси вилоят бо фаъолияти ду адад комбайни муосири пахтачинӣ ошно гардид. Ин хоҷагӣ дар майдони 40 гектар пахта кишт намуда, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва обу ғизодиҳии саривақтӣ ҳосили фаровон рӯёнидааст. Комбайнҳои муосир имконият медиҳанд, ки дар як рӯз то 30 – 50 тонна пахта ҷамъоварӣ шавад.
Дар хоҷагиҳои деҳқонии «Дон» ва «Абулқосим» Раиси вилоят бо деҳқонон ва ҳашарчиён аз ноҳияи Шаҳристон мулоқоти самимӣ анҷом дод. Таъкид шуд, ки имсол заҳматкашони ноҳияи Зафаробод дар майдони 10 ҳазору 107 гектар пахта кишт намуда, тибқи нақша бояд зиёда аз 32 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ намоянд.
Дар хоҷагии деҳқонии «Фарҳоди дарё» низ ҷамъоварии пахта бо истифода аз техникаҳои кишоварзӣ ба роҳ монда шудааст. Ин хоҷагӣ имсол дар майдони 30 гектар пахта кишт намуда, бо ду адад комбайн ҳосилро ҷамъоварӣ мекунад.
Боиси хушнудӣ аст, ки имрӯзҳо ҳашарчиён аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич, Шаҳристон, Айнӣ ва Хуҷанд ба Зафаробод омада, дар ҷамъоварии ҳосили пухтарасида саҳми арзанда мегузоранд.
Айни ҳол дар ноҳияи Зафаробод 7 корхонаи қабулу коркарди пахта фаъолият доранд. Аз ҷумла, ҶДММ «Зафаробод инвест» то имрӯз беш аз 2 ҳазору 200 тонна пахтаро захира намуда, коркарди ибтидоии онро ба роҳ мондааст. Зимни боздиди роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки корхона ният дорад то 6 ҳазор тонна пахта қабул намояд ва дар айни замон беш аз 100 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардааст.

Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Зафаробод
Блоки рекламавӣ


