Ноҳияи Спитамен аз минтақаҳои кишоварзии вилоят ба ҳисоб рафта, саҳми деҳқонону хоҷагидоронаш дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори истеъмолӣ басо назаррас мебошад.
11 феврал бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба кишти картошкаи барвақтӣ дар ноҳия оғоз бахшида шуд.
Раиси вилоят ҳамроҳи саҳмдорону хоҷагидорон дар хоҷагии деҳқонӣ ба номи “Б. Комилов” дар кишти картошкаи барвақтӣ иштирок намуда, ҷиҳати ба даст овардани ҳосили баланд дастуру маслиҳатҳои муфид дод.
Хоҷагии деҳқонии ба номи “Б.Комилов” дорои 38 гектар замини корам буда, соли ҷорӣ тибқи нақша дар майдони 1 гектар картошка, 26 гектар пахта ва дар боқимондаи замин дигар сабзавоту зироати кишоварзиро кишт мешавад.
Зимни муаррифии нақшаи кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Спитамен маълумот дода шуд, ки дар ноҳия 10970 гектар замини корами обӣ мавҷуд аст. Аз ин дар майдони 6490 гектар пахта, 120 гектар картошка, 271 гектар сабзавот ва дигар анвои зироати кишоварзӣ кишту парвариш карда мешавад.
Соли 2025 заркорони ноҳия пурмасъул заҳмат кашида, ба натиҷаҳои баланд соҳиб гардиданд. Чунончӣ, давоми соли 2025 ба маблағи умумии зиёда аз 834 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид.
Дар ҳамин мавзеъ роҳбари вилоят дар маъракаи шинонидани ниҳол ширкат варзид. Соли ҷорӣ кишоварзони вилоят нақша доранд 50 гектар боғҳои куҳнаро навсозӣ намоянд. Омили муҳими фарвонҳосили ин дастрасии саривақти ба оби полезӣ мебошад.
Бо ин мақсад дар ноҳияи Спитамен 13 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дошта, имрӯзҳо корҳои таъмирӣ дар ҳамаи онҳо ба роҳ монда шудааст.
Зимни шиносоӣ аз пойгоҳи обкашии “Сарбанд” ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки истгоҳи мазкур соли 1986 ба истифода дода шуда, дорои чор агрегат мебошад. Тавассути ин пойгоҳ зиёда аз 2000 гектар заминҳо обёрӣ карда мешавад.
Роҳбари вилоят ҳангоми боздид ба масъулини вилоятӣ ва маҳаллӣ ҷиҳати таъмири сарвақтии тамоми пойгоҳҳои обрасонӣ ва то мавсими баҳории кишт ба пуррагӣ ба кор андохтани агрегатҳо, риояи ҳатмии қоидаҳои бехатарӣ, ободии муҳити атроф ва бинои пойгоҳҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен
Блоки рекламавӣ


