10 феврал дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода қабули шаҳрвандон баргузор гардид.
Ҳар ҳафта дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қабули шаҳрвандон баргузор мегардад ва муроҷиати сокинон дар асоси талаботи қонунгузорӣ баррасӣ ва ҳал карда мешавад. Новобаста аз ин, роҳбарияти вилоят тасмим гирифт, ки дар шаҳру ноҳияҳо низ қабули шаҳрвандонро гузаронида, муаммоҳои мавҷударо баррасӣ ва ҳал намояд.
Дар рӯзи қабули шаҳрвандон ба роҳбари вилоят сокинони ҷамоату деҳоти ноҳияи Ашт бо масъалаҳои гуногун муроҷиат намуданд. Гирифтани кӯмакпулӣ, нафақа, таъмин шудан бо манзили зист ва қитъаи замини наздиҳавлигӣ, кӯмак барои бунёди манзили истиқоматӣ, таъмиру навсозии муассисаҳои томактабӣ ва бунёди кӯдакистонҳо, сохта ба истифода додани майдончаҳои хурди варзишӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мизу курсӣ, беҳтар намудани таъминоти оби полезӣ, бунёди ҳаммом дар маҳаллаҳо, тозагии муҳити зист, кофтани чоҳи намудӣ аз ҷумлаи масоиле буданд, ки сокинони ноҳияи Ашт ба роҳбари вилоят муроҷиат намуданд.
Дар рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмдазода наздик 30 нафар сокинони ноҳияи Ашт пазируфта шуда, барои ҳали муроҷиати шаҳрвандон роҳбарити мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимития давлатии вилояти Суғд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадор гардиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь